Бақайдгирии заҳролудшавӣ аз ғизо дар ҷамоати деҳоти М.Вайсов, деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ

Декабр 22
07:30 2017

Дар санаи 14.12.2017 сол, бо ташхиси гумонбари заҳролудшавӣ аз ғизо, 6 нафар истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти М.Вайсов, деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ дар шӯъбаи эҳёи Беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.

Аз он ҷумла;

  1. Давлатов Умарали соли таваллудаш 2015, (фавтид)
  2. Давлатова Идигул соли таваллудаш 2007,
  3. Давлатова Макнуна соли таваллудаш 2009,
  4. Давлатова Мафтуна соли таваллудаш 2011,
  5. Давлатов Абубакр соли таваллудаш 2016,
  6. Файзова Рухшона соли таваллудаш 1988,

Фавран дар соатҳои аввал  мутахассисони Хадамот ба ноҳия сафарбар шуда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони   Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия санҷиши пешакии эпидемиологӣ гузаронида, муайян карда намуданд, ки Давлатов Сафар (падарашон) санаи 13.12.2017 сол, аз мағозаи хусусии деҳаи зикргардида, ки ба соҳибкор Рабиев Амрохон таълуқ дорад, бо ҳамроҳии писараш Давлатов Умарали як баста ҳасиби нимдудкардашуда, истеҳслои ҶДММ “Орзу-2004”- шаҳри Кӯлоб харидорӣ намуда, ба хонааш меорад. Худи ҳамин рӯз тахминан соати 1730 дақиқа ба ғайр аз худаш 6 нафар аъзои оила истеъмол намудаанд. Баъди 2 соат, яъне соати 20 дар Давлатов Умарали, ки ҳасибро бисёртар истеъмол намудааст, аломаҳои бемадорӣ, беҳузурӣ, дарди шикам дар мавзеъи меъда, баъдан аломатҳои хушкшавии даҳон, кашишӣ мушакҳои дасту пой, кабудшавии лабон, диққи нафас ва беҳушӣ пайдо гардида, соати 20 40 дақиқа ба Беморхонаи марказии ноҳия оварда шуда, дар шӯъбаи эҳё бистарӣ карда мешавад. Соати 21 05 дақиқа Давлатов Умарали ба ҳуш наомада дар шӯъбаи эҳё мефавтад. Баъдан соати тахминан 2215 дақиқа аломатҳои зикргардида, ба ғайр аз беҳушӣ дар 5 нафар шахсони зикргардида  пайдо гардида, ба Беморхона оварда мешаванд. Пас аз муоинаи табибон бо ташхисӣ заҳролудшавӣ аз маводи хӯрока (ҳасиб) дар шӯъбаи эҳёи  Беморхонаи марказӣ бистарӣ карда мешаванд.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ бо сардории мутахассиси пешбари бахши гигиенаи хӯрокаи Хадамот Ишратов З.Ф. санаи 14.12.2017 сол дар  муассисаҳои савдои ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кулоб санҷиши фаврӣ гузаронида,  42,5 кг ҳасиби нимдудкардашуда истеҳсли ҶДММ “Орзу-2004”-и шаҳри Кӯлоб аз муомилот гирифта шуд.

Барои аз муомилот ва фурӯш гирифтани  ҳама  намуди ҳасибҳои истеҳсли ҶДММ “Орзу-2004”-и  шаҳри Кӯлоб дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб қарор таҳти № 186 аз 104.12.2017 сол бароварда ба директорони МНДСЭ шаҳру ноҳияҳои минтақа барои иҷро ирсол карда шуд. Ҳамзамон барои ташхисӣ санитарию кимиёвӣ 4 намунаи ҳасиби нимдудкардашудаи истеҳсоли ҶДММ “Орзу-2004”-и шаҳри Кӯлоб гирифта, ба ташхисгоҳи ХНДСЭ  ба ш. Душанбе дастрас карда шуд.

Натиҷаи ташхиси санитарию кимиёвӣ аз 16.12.2017 сол нишон медиҳад, ки 3 намунаи ҳасиби нимдудкардашуда аз ҷиҳати нишондодҳои кимиёвӣ (миқдори крахмал ва намнокӣ) аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд буда, ба талаботҳои санитарӣ ҷавобгӯй нестанд. Дар як намунаи он бошад, миқдори нитрит аз меъёр ( меъёр 5 мг дар 100 гр.) 0,6 маротиба зиёд мебошад (7,5 мг дар 100 гр.), ки ба салломатии одам хатарнок мебошад.

Айни 5 нафар беморшудагон шифо ёфта, аз беморхона рухсат шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 20
  • 758
  • 1,242
  • 949,778