Ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ ворид гардид

Ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ ворид гардид
Июн 10
08:06 2022

Дар доираи лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки бо маблағгузории Фонди авруосиёии субот ва рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуд, ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас карда шуд.

Дар маросими муаррифии нақлиёти сайёри тиббӣ, ки бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, иттилоъ дода шуд, ки дастрасии чунин маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан сокиноне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, нақши муҳим хоҳанд бозид.

Нақлиётҳои махсуси сайёр дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ аст. Тавассути нақлиёти сайёр ба таври таҷрибавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд, ки аз ҷониби табибон 200 нафар аз муоина гузаронида шуданд. Сокинонро табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт муоина намуданд.
Сипас, Раиси вилоят бо рафти таъмиру барқарорсозӣ ва корҳои ободониву созандагӣ дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд шинос гардид.

Раиси вилоят ҳамзамон корҳои таъмиру барқарорсозии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дода шуд. Таъкид карда шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити корӣ ва қабулу табобати кӯдакону наврасон лоиҳаи бинои ёрирасон омода ва ба роҳбарияти вилоят пешниҳод карда шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 728
  • 1,242
  • 949,748