Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯй таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид

Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯй таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид
Январ 18
15:33 2022

Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯй таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон ворид гардиданд, хабар доданд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар».

17 январ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз Беморхонаи марказии ноҳия дидан карда, бо таҷҳизоти воридшуда  шинос шуд. Инҳо дастгоҳи сипап, 2 адад монитори назди кати бемор, 2 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, занбар барои интиқоли беморон, аробачаи маъюбӣ, чароғ барои ҷарроҳӣ ва даҳҳо номгӯй таҷҳизоти табобатӣ  мебошанд, ки нисбат ба дастгоҳҳои пешин бартарии зиёд доранд.

Аъзам Ализода иброз дошт, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ сол аз сол рушд ёфта, ба муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид гардида истодаанд.

Зимни суҳбат бо табибон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия изҳор дошт, ки ба пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии беморон диққати махсус зоҳир намуда, сатҳи хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.

АКСҲО: МИҲД н.Мастчоҳ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 698
  • 1,242
  • 949,718