Мавод ва таҷҳизоти тиббии аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (Юнисеф) ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид гардида, ки ба воситаи Ташкилоти ҷамъияти хайриявии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба муассисаҳои тандурустии мамлакат тақсим карда мешаванд, марҳила ба марҳила ба раёсатҳо ва муассисаҳои тандурустии мамлакат дастрас мегарданд.
Бо ин мақсад имрӯз, 6 июни соли равон ба Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат аз ҳасоби кӯмакҳои макзур 600 адад либоси муҳофизатӣ, 30 адад айни муҳофизатӣ, 10 адад ҳароратсанди фосилавӣ, 500 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва 400 адад сипари муҳофизатӣ дастрас карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тақсимоти таҷҳизот ва маводҳои тиббии аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (Юнисеф) ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид гардида ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.