Ба беморхонаи ноҳияи Шуғнон нақлиёти «Ёрии таъҷилии тиббӣ» тақдим гардид

Ба беморхонаи ноҳияи Шуғнон нақлиёти «Ёрии таъҷилии тиббӣ» тақдим гардид
Апрел 20
07:31 2022

Ба беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти дурдасти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақлиёти “Ёрии таъҷилии тиббӣ”, ки бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалини тиббӣ муҷаҳҳаз аст, тақдим гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.

Бо дастгирии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба ноҳияи Шуғнон як адад нақлиёти “Ёрии таъҷилии тиббӣ” ҷудо гардид ва он аз ҷониби раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода дар фазои тантанавӣ ба беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти дурдасти Ванқалъа супорида шуд.

Раиси ноҳияи Шуғнон зимни супоридани нақлиёти мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста изҳори сипос  намуда, ҳамзамон зикр кард, ки нақлиёти тақдимшуда барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аввалини тиббӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳия ва дигар эҳтиёҷмандон пешбинӣ шуда, кори табибону дардмандонро хеле осон мегардонад.

Мавриди зикр аст, ки тандурустӣ ҳамчун соҳаи муҳиму афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоиста дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гардидааст.

АСКҲО: МИҲД-и н. Шуғнон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 720
  • 1,242
  • 949,740