Ба бошандагони Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд

Ба бошандагони Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд
Декабр 29
15:49 2022

Бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2023 ва дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 29 декабри соли равон ба бошандагони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Туҳфаҳои солинавӣ бо баргузор намудани ҳамоиши идона ба бошандагони муассисаи мазкур супорида шуданд, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ашхоси саховатманд роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки дастгирии маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи иду ҷашнҳо дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст ва ин иқдоми шоиста дар пайравӣ ва сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мамлакат роҳандозӣ карда мешавад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 972
  • 1,242
  • 949,992