Ба ифтихори 72-юмин солгарди Ғалабаи Бузург

Май 08
15:30 2017

Бо ташабуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамасола дар  шаҳру ноҳияҳои кишвар барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги  Ватанӣ ва шахсоне,  ки дар акибгоҳ кор кардаанд, дар қатори кӯмакҳои молиявӣ инчунин кӯмакҳои аввалияи тиббӣ расонида мешаванд. Дар доираи ин чорабиниҳо сохторҳои тандурустии кишвар, ба хусус кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ вазифадор шудаанд, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги  Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо аз муоинаи тиббӣ гузаронанд.

Дар асоси супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 72-умии солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар муоинаи тиббии иштирокчиён ва шахсоне, ки дар вақти Ҷанги Бузурги  Ватанӣ дар ақибгоҳ кор кардаанд, гузаронида шуд. Аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳр Душанбе  57 нафар аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, аз ҷониби Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба 170 нафар ба маблағи 16420 сомонӣ доруворӣ дастрас карда шуд.  Аз ҷониби Раёсати тандурустии вилояти Суғд аз 705 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги  Ватанӣ ва онҳое, ки дар ақибгоҳ хизмат карданд 238-нафар дар шаҳру ноҳияҳо бистарӣ карда шуда,  68- нафар дар осоишгоҳҳо ҷойгир карда шуданд. 17-нафар бо айнак, 11-нафар бо дастгоҳи шунавоӣ, 48- нафар бо дандонҳои сунъӣ таъмин гардида, бокимонда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд.  389 нафар дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз хизматрасонии тиббӣ бархурдор гардида, ба 169 нафар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба маблағи  5612 сомонӣ кӯмаки тиббӣ расонида шуд.

Вохӯрӣ бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги  Ватанӣ ва нафарони дар ақибгоҳ хизматкарда  ва кӯмак ба онҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 720
  • 1,242
  • 949,740