Ба имзо расидани созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Шарики хусусӣ ҶДММ “Тоҷикиноватсия”

Ба имзо расидани созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Шарики хусусӣ ҶДММ “Тоҷикиноватсия”
Август 16
15:31 2017

Имрӯз дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба “Таъсиси Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ гепатитҳои вирусӣ” багузор гардид. Баимзорасонии созишномаи мазкур байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарики хусусӣ ҶДММ “Тоҷикиноватсия”  сурат гирифт. Ин иқдом бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Дар расми баимзорасонии созишномаи зикргардида, роҳбарияти  Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,   Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҶДММ “Тоҷикиноватсия” ва дигар шахсони расмиву кормандони идораҳои зикргардида иштирок намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки Лоиҳаи  “Таъсиси Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ гепатитҳои вирусӣ” бо мақсади  бароҳ мондани хизматрасонии хуби тиббӣ ва дар доираи он  ташхиси саривақтии беморон, таъмини солимии ҷомеа, аз байн бурдани мушкилоти шахсони бемор, ки бо сабаби набудани ин услуби табобат ба хориҷи кишвар сафар менамуданд, инчунин паст кардани сатҳи фавти гирифторони гепатитҳои вирусӣ, воридоти технологияи навтарини соҳаи тиб ва рушди соҳаи тандурустии кишвар роҳандозӣ карда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки лоиҳаи мазкур сеюмин лоиҳа дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ва якумин лоиҳа дар самти тандурустӣ мебошад.

Дар расми баимзорасонии Созишномаи  шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба “Таъсиси Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ гепатитҳои вирусӣ” зикр гардид, ки амалишавии лоиҳаи     “Таъсиси Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ гепатитҳои вирусӣ” ба рушди соҳаи тандурустӣ ва солимии ҷомеа таъсири мусбӣ расонида, муҳлати истифодабарӣ ва идоранамоӣ аз ҷониби шарики хусусӣ 15 сол мебошад. Баъд аз ба итмом расидани муҳлати истифодабарӣ тибқи Созишнома идоракуни ва истифодаи Маркази мазкур бар зиммаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 581
  • 1,242
  • 949,601