Ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи шаҳрии №2»

Ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи шаҳрии №2»
Июл 01
10:18 2021

30 июни соли равон дар доираи сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ободонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кӯчаи Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои иловагии Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи шаҳрии №2» мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳрии №2” идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои иловагии таваллудхона утоқҳои роҳбарият, кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2, бойгонӣ, ҳуҷраи табобатӣ-физиотерапевтӣ, ошхона, озмоишгоҳ, ҳуҷраи ултрасадо, ҳуҷраи дастгоҳи тамизгардонии буғӣ иборат мебошад.

Зимни муаррифии бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрии №2 изҳор гашт, ки бино бо тамоми шароити зарурӣ таъмин буда, таҷҳизоти он аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳон, ки ба истеҳсоли дастгоҳҳои тиббӣ машғул мебошанд, дастрас ва насб карда шудааст.

Бинои мазкур дар заминаи  заминҳои бекорхобидаи муассиса бунёд карда шуда, бинои асосии он низ аз таъмири копиталӣ бароварда шудааст. Дар таваллудхона барои мизоҷон ва муроҷиаткунандагон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 908
  • 1,242
  • 949,928