Ба истифода додани Маркази клиникӣ, илмӣ –таълимии назди Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”

Ба истифода додани Маркази клиникӣ, илмӣ –таълимии назди Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”
Сентябр 20
15:35 2022

Мутобиқ ба талаботи замони муосир бароҳ мондани хизматрасонии тиббӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор доранд.

Ҳамин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бобати таъмини сиҳатии омма бо ибтикори роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат як қатор муассисаҳои таълимӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин росто, маврид ба тазаккур аст, ки ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар риштаи ҳифзи иҷтимоӣ ҳанӯз дар соли  2019 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” мавриди истифода қарор дода шуд.

Он замон дар ҷараёни  маросими  ифтитоҳи  бинои таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки дар назди маркази таълимии мазкур бояд Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ сохта шавад.

Дар робита ба иҷрои дастури Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ дар назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Маркази клиникӣ, илмӣ -таълимӣ бо маблағгузории  Корхонаи воҳидии давлатии “Саноатсодиротбонк” сохта шуда, он имрӯз 20 сентябри соли равон мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ба истифода додани маркази таълимии мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” иштирок намуданд

Маврид ба ёдоварист, ки масоҳати умумии марказ тибќи нишондодҳои шиносномаи он 3704 м2 – ро ташкил медиҳад, ки дар он шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, эндоурология, бемориҳои дарунӣ, гинекологӣ, озмоишгоҳ, дармонгоҳ ва ғайра  ҷойгир карда шудаанд. Инчунин, дар марказ синфхонаҳо барои гузаштани машғулиятҳои амалӣ фаъолият менамоянд.

Айни ҳол дар марказ зиёда аз 50 нафар табибон-омӯзгорон фаъолият карда истодаанд.

Маркази клиникӣ бо оксигени мутамарказонидашуда муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он барои шустушӯй ва тамизгардонии маводи ҷарроҳон ва беморон автоклав ва мошинаҳои ҷомашӯӣ мавҷуд мебошанд. Дар таҳхонаи марказ дорухона, гардиреб, ҳуҷра барои гузаронидани малакаҳои амалӣ муҳайё карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 738
  • 1,242
  • 949,758