Ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

Ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд
Сентябр 03
15:41 2021

Имрӯз, 3 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Баъдан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо сухани табрикотӣ баромад карда,  кулли кормандони соҳаи тиб ва тамоми шаҳрвандони мамлакатамонро ба фарорасии ҷашни муқаддаси Ватани азизамон-30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику шодбош намуда, баҳрашон сиҳатмандиву комгорӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.

Дар идомаи суханронии хеш номбурда аз муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон дар даврони истиқлолят дар самтҳои гуногун, махсусан дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур дар мамлакат ба таври бесобиқа рушд намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни сухани табрикотии хеш кормандони соҳаи тибби кишварро ба ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош намуда, ҳамзамон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба соҳаи тандурустӣ дар даврони истиқлолият ёдовар шуд.

Қайд гардид, ки дар баробари дигар бахшҳо давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар мамлакат низ рушду пешрафт намуда, баҳри таъмини солимии аҳолӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба як нафар Ордени Шараф дараҷаи 1, ба 13 нафар медали Хизмати шоиста ва ба 6 нафар  унвони фахрии  Корманди шоистаи Тоҷикистон тақдим карда шуд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 744
  • 1,242
  • 949,764