Ба Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” маводи ниёзи аввал тақдим карда шуд

Ба Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” маводи ниёзи аввал тақдим карда шуд
Август 12
11:45 2023

Имрӯз, 12 августи соли равон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” маводи ниёзи аввал, аз қабили орду рафған, картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт ва  ғайра тақдим карда шуд.

Дар ҷараёни тақдими маҳсулоти ниёзи аввал муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед зимни суханронии хеш аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон ёдовар шуда, қайд кард, ки ин қишри ҷомеа дар кишвар зери таваҷҷуҳи махсус қарор дошта, барои зисту зиндагонии онҳо тамоми тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудаанд.

Қайд гардид, ки“Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи  Варзоб” яке аз муассисаҳои фаъол дар самти ба тавонбахшӣ фаро гирифтани кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар он тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Гуфта шуд, ки кӯмаки Сафорати  Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар амалӣ гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 634
  • 1,242
  • 949,654