Ба “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” 11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дастрас гардид

Ба “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”  11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  дастрас гардид
Декабр 09
09:19 2020

8 декабри соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар доираи амалисозии лоиҳаи Бонки Олмонии Рушд 11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”  тақдим карда шуд.

Дар маросими супоридани таҷҳизоти мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Олмонии Рушд, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”  иштирок намуданд.

Аснои тақдими таҷҳизоти тиббии мазкур муовини якуми  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст дар самтҳои гуногун, махсусан дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон маҳз зери сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии ду кишвар амалӣ гардида истодааст.

Номбурда иброз намуд, ки лоиҳаи  Бонки Олмонии Рушд яке аз шарикони муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 737
  • 1,242
  • 949,757