Ба масъулон роҳу усул ва нозукиҳои маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ омӯзонида шуд

Ба масъулон роҳу усул ва нозукиҳои  маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ омӯзонида шуд
Сентябр 29
12:05 2017

Имрӯз дар пойтахти кишвар  шаҳри Душанбе маросими ба хотима расидани курси Флагманӣ, ки он санаи 25 сентябри соли равон оғоз гардида буд сурат гирифт.

Дар расми хотимавии курси мазкур Насим Олимзода, вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Игор Поканевич, роҳбари Дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки курси Флагманӣ давоми  панҷ рӯз ба кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, аз ҷумла роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо,  хадамотҳои назоратии соҳа, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталӣ нозукиҳои  маблағгузориро дар соҳаи тандурустӣ омӯзонид.  Чунин курсҳо, ки аслан ҳамасола дар Барселона доир мегарданд, бо кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дастгирии бевоситаи Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, ин навбат дар шаҳри Душанбе созмон дода шуд.

Дар расми хотимавии чорабинӣ   Насим Олимзода ба иштирокдорон ҷиҳати аз бар намудани   курси Флагманӣ сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Насим Олимзода зимни суханронии худ  баргузор гардидани  чунин як даври омӯзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди потенсиали касбии кормандони соҳаи тандурустӣ мусоид арзёбӣ намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 693
  • 1,242
  • 949,713