Ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карда шуд

Ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карда шуд
Январ 12
09:17 2018

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шуъбаву стансияҳои ёрии таъҷилии тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Дар маросими супоридани нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки «дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат арзёбӣ шуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои марбут ба тандурустии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд».

Раиси вилоят афзуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба сокинон тасмим гирифта шуд, ки барои муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шавад. Кормандони соҳаи тиб бояд бо истифодаи ин нақлиёт  сари вақт ниёзмандонро ба беморхонаҳо расонанд. Инчунин изҳори умед карда шуд, ки теъдоди фавт ва таваллуди занон дар хона минбаъд коҳиш меёбад.

Зикр шуд, ки давоми солҳои 2016-2017 бо дастгирии роҳбарияти вилоят ба муассисаҳои тиббӣ 25 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардида буд ва ҳоло дар муассисаҳои тиббӣ 109 адад нақлиёт мавҷуд аст.

Бо назардошти муҳимияти ҳифзи саломатии мардум бо қарори Раиси вилояти Суғд 1,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо ва 30 адад мошини тамғаи «Хундай Старекс» харида шуд. Нақлиёт тавассути ҶДММ «Ситора 555», ки дар тендер ғолиб омад, ворид карда шуда, давоми ду сол ройгон таъмир карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 740
  • 1,242
  • 949,760