Ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ якчанд намуд мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас гардид

Ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ якчанд намуд мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас гардид
Апрел 14
17:09 2021

Дар асоси ҷадвали тақсимоти таҷҳизотҳои ёрирасон барои гузаронидани ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19 бо усули таҷзияи занҷираи полимеразӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” якчанд намуд мавод ва таҷҳизоти  тиббӣ дастрас карда шуд.

Мавод ва таҷҳизоти тиббӣ аз бокси бехатарии микробиологӣ БМБ-II-А2 Biobase BSC-1300II А2-Х барои минтақаи “Қабул ва тақсимоти минтақаҳо”, маҷмӯи филтрҳои эҳтиётӣ НЕРА барои БМБ, бокси бехатарии микробиологӣ БМБ-II-А2 Biobase BSC-1300II А2-Х барои минтақаи “Ҷудокунии намунаҳо”, маҷмӯи филтрҳои эҳтиётӣ НЕРА  барои БАВ ПЦР, сумка-яхдон Biodase LCX-12L дар маҷмӯъ бо элементҳои хунуккунанда, ресиркулятори зидди бактериявӣ PERLONG, яхдон-70C-86C Binder UF V700  барои нигоҳдории намунаҳои мусбӣ, яхдон 20С Biodase BDF-25V268 барои минтақаи микс, ва ғайра иборат мебошанд.

Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”, ки дорои тамоми дастгоҳҳои муосир ва шароитҳои ташхисӣ мебошад, фаъолияти хубу босамари он  барои ташхиси саривақтӣ ва  табобати дурусту босифат мусоидат хоҳад кард.

Дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда,  таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат  мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 740
  • 1,242
  • 949,760