Ба Тоҷикистон 650 ҳазору 400 воя ваксинаи «Модерна» ворид гашт

Ба Тоҷикистон 650 ҳазору 400 воя ваксинаи «Модерна» ворид гашт
Январ 21
09:14 2022

Бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат  чанде қабл бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи грантии ТЕС-19-и Бонки умумиҷаҳонӣ ва бо мусоидати механизми КОВАКС тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба Тоҷикистон 650 ҳазору 400 воя ваксинаи “Модерна” ворид гардид.

Дар ин росто, зикр намудан ба маврид аст, ки то санаи 20 январи соли равон беш аз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар (75,6%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар (63,1%) шаҳрвандон гирифтаанд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.

Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 712
  • 1,242
  • 949,732