Моҳи октябри соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» (Чин) ва 302 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» (Аврупо) ворид карда мешавад. Айни замон корҳои ҳуҷҷатгузорӣ омода буда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ваксинаҳо ворид карда шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол талаботи аҳолии мамлакат ба гузаронидани ваксина зиёд шуда истодааст. Зеро ҳамагон медонанд, ки ягона роҳи пешгирӣ ва наҷот аз ин сироят- ваксинакунонӣ мебошад. Имрӯз шаҳрвандони мамлакат метавонанд бо ваксинаҳои «AstraZeneca»-и истеҳсоли Аврупо, «CoronaVac»-и чинӣ, «Moderna» ва «Pfizer-BioNTech» -и ИМА ва ваксинаи русии «Спутник V» ваксина зананд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст.
Дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.