Ба занони ҳомила хизматрасонии фаврии акушерӣ расонида мешавад

Ба занони ҳомила хизматрасонии фаврии акушерӣ расонида мешавад
Октябр 30
15:47 2020

Бо мақсади таъмин намудани хизматрасониҳои тиббии саривақтӣ ба занони ҳомила, занони навзод ва занони баъд аз таваллуд, инчунин, кӯдакони навзод, кӯдакони то синни 5 сола имрӯз, 30 октябри соли равон ҷаласаи навбатии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода тариқи онлайн доир гардид.

Дар кори ҷаласаи онлайнӣ Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила, кормандони раёсати мазкур Аминов Обидҷон, Дилрабо Юнусова, Баҳрӣ Алиева, Назарзода Ф иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласаи онлайнӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода  ҳолатҳои занони ҳомила, навзодон ва кӯдакон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ин замина, вобаста ба фаъол намудани ташрифҳои кураторӣ аз ҷониби кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ ва Донишкадаи баъдидипломии такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дода шуд.

Қайд кардан лозим аст, ки чунин ҷаласаҳои онлайнӣ ҳафтае ду маротиба аз ҷониби Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат гузаронида мешаванд.

Натиҷаи баргузории чунин ҷаласаҳои онлайнӣ буд, ки ба занони ҳомилаи дар ҳолати вазнин қарор дошта саривақт хизматрасонии фаврии акушерӣ расонида шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 917
  • 1,242
  • 949,937