БАЪД АЗ ПАНДЕМИЯ ЗАМИН БЕҲТАРИН МАКОН БАРОИ ЗИНДАГИИ ИНСОНИЯТ ХОҲАД ШУД. Ҷаҳон барои хотима ёфтани пандемияи COVID-19 даст ба дуо мебардорад

БАЪД АЗ ПАНДЕМИЯ ЗАМИН БЕҲТАРИН МАКОН БАРОИ ЗИНДАГИИ ИНСОНИЯТ ХОҲАД ШУД. Ҷаҳон барои хотима ёфтани пандемияи COVID-19 даст ба дуо мебардорад
Май 12
13:07 2020

Комиссияи олии «Бародарии инсонӣ», ки қароргоҳаш дар Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, аз тамоми мардуми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки   COVID-19-ро  бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кумак кунад, то табобати онро пайдо намоянд ва дунёро аз оқибатҳои тиббӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии пандемияи коронавирус наҷот диҳанд.

«Ҳар яки мо, дар тамоми ҷаҳон, бояд мувофиқи қоидаҳои дин ё эътиқоди худ дуо гӯем ва аз Худованд хоҳиш кунем, ки дунёро аз мусибатҳои умумиҷаҳонӣ наҷот диҳад», — гуфта мешавад дар изҳороти кумита.

Муъминон инчунин бояд аз Худованд илтиҷо намоянд, ки ба олимон равшанӣ фиристад, то онҳо ваксина ё даворо бар зидди беморӣ пайдо кунанд, ки ҷаҳонро аз мушкилоти глобалӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва тиббӣ наҷот диҳад.

Кумита бо чунин муроҷиат ба пешвоёни мазҳабии саросари ҷаҳон муроҷиат карда, изҳор дошт, ки пас аз рафъи пандемия Замин беҳтарин макон барои зиндагии  инсонҳо хоҳад шуд.

Ин маълумотро Шӯрои уламои Тоҷикистон тасдиқ кард. «Мо низ ин даъватро қабул кардем, онро тасдиқу дастгирӣ менамоем ва 14 май ҳатман дуо мекунем, ки инсоният аз ин беморӣ халос шавад», — гуфт роҳбари Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

ДАР АКС: муфтӣ С. Абдуқодирзода

Бояд ёдовар шуд, ки Кумита оид ба татбиқи муқаррароти Эъломия дар бораи бародарии инсонӣ моҳи августи соли 2019 таъсис ёфтааст ва худи эъломия «Бародарии инсонӣ барои сулҳи ҷаҳон ва барои зиндагии якҷоя» 4 феврали соли 2019 зимни сафари Попи Рум Франсис ба Абу-Дабӣ ба имзо расидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732