Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо таҷҳизоти зарурии санитарӣ таъмин гардиданд

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо таҷҳизоти зарурии санитарӣ таъмин гардиданд
Октябр 15
14:15 2020

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ — Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар 45 муассисаи таълимии 19 шаҳру ноҳияи кишвар – Душанбе, Айнӣ, Ҷ.Расулов, Спитамен, Конибодом, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Нуробод, Сангвор, Лахш, Рашт, Норак, Вахш, Хуросон, Данғара, Кӯлоб, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Темурмалик инфрасохтори зарурӣ вобаста ба таъмини об, беҳдошт ва санитарияро бунёд ва барқарор намуд, ки зиёда аз 42000 кӯдакро (аз ҷумла, 20422 нафар духтар ва 235 кӯдакони дорои маъюбият) ба дастрасӣ бо об, санитария ва иншооти асосӣ барои беҳдошти саломатӣ таъмин менамояд.  Дар ин бора имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар медиҳад.

Чунин иншоот қисми калидии фаъолияти бехатарии муассисаҳои таълимӣ дар давраи пандемияи COVID-19 мебошанд.

Дар доираи корҳои анҷомдодашуда муассисаҳои таълимӣ бо шабакаҳои обрасонӣ пайваст ва дар бархе аз муассисаҳо обанборҳо барои нигоҳ доштани об  бунёд гардидаанд. Илова бар ин, ҳоҷатхонаҳои нави ҷамъиятии барои шахсони маъюбиятдошта дастрас сохта ва ба истифода дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии  дастони тоза дар саросари ҷаҳон имрӯз, 15 октябр ҷашн гирифта мешавад, ки  ва мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиш оид ба аҳамияти дастшӯӣ барои саломатӣ  арзёбӣ мегардад.

Пандемияи COVID-19 водор намуд, ки ба дастшӯӣ аҳамияти ҷиддӣ  дода шавад ва яке аз роҳҳои самараноки пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ, хусусан шӯстани дастҳо бо собун мебошад.  Бино ба изҳороти масъулини Сомолни ҷаҳонии тандурустӣ,  ҷиҳати ғолиб омадан бар пандемияи COVID-19 ва таъмини саломатии бехатар шустани дастҳо бо собун самти афзалиятнок дар давом ва баъди пандемия боқӣ мемонад.

                   АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 589
  • 1,242
  • 949,609