Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев
Июл 13
12:41 2020

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич,

Дар иртибот ба эълон кардани рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи «Ковид-19» дар Қазоқистон бо таманниёти шифои ҳарчи зудтари комил ба ҳамаи гирифторони ин беморӣ ҳамдардии амиқи моро ба мардуми бародари Қазоқистон иброз медорам.

Итминон дорам, ки тадбирҳои ҷиддии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати гирифтани пеши роҳи хатари сирояти вирус андешидашаванда ба қарибӣ натиҷаҳои матлуб ба бор хоҳанд овард.

Тоҷикистон вазъияти вобаста ба сирояти коронавирусро, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, бо нигаронии амиқ пайгирӣ менамояд.

Таҳдиди афзоишёбандаи пандемияи «Ковид-19» моро ба таҳкими ҳарчи бештари ҳамдиливу дастгирии якдигар ва муттаҳид кардани талошҳо баҳри рафъи он водор менамояд.

Бо истифода аз фурсат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати расонидани кумаки имконпазир ва мусоидат, ҳамчунин густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид менамоям».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 916
  • 1,242
  • 949,936