Баргузории ҷаласаи машваратии техникӣ доир ба Дурнамои соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи машваратии техникӣ   доир ба Дурнамои соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Феврал 17
17:02 2023

16 феврали соли равон  вобаста ба натиҷагирӣ аз дурнамои рушди соҳаи тандурустӣ  ҷаласаи машваратии техникӣ  доир ба Дурнамои соҳаи тандурустӣ Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки доираи васеъи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикон оид ба рушд сурат гирифт. Дар кори чорабинии сатҳи баланд Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Таня Дмитраченко, роҳбари бахши минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ оид ба  тандурустӣ, ғизо ва нуфузи аҳолӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳуруии  Тоҷикистон,  Умут Акар, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озан Севимлӣ,  Роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Виктор Олшавский, намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафур Мухсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Реҷеп Акдаг, аъзои Парлумони Маҷлиси Миллии Олии Ҷумҳурии Туркия, Миря Шоблум, роҳбари лоиҳаҳои тандурустӣ, ғизо ва нуфузи аҳолӣ, инчунин  як қатор шахсони расмӣ тариқи ҳузуриву маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки  масоили рушди сармояи инсонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ҳамчун афзалияти маҷмӯии байнисоҳавӣ зикр гардида, масъалаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дарбар мегирад.

Дар рафти чорабинӣ ҳамзамон таъкид шуд, ки тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушод”-ро интихоб намуда, дар самти гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маблағгузории соҳаи тандурустӣ ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид.

Зимни суханронӣ Таня Дмитраченко, роҳбари бахши минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ оид ба  тандурустӣ, ғизо ва нуфузи аҳолӣ, Реҷеп Акдаг, аъзои Парлумони Маҷлиси Миллии Олии Ҷумҳурии Туркия, Миря Шоблум, роҳбари лоиҳаҳои тандурустӣ, ғизо ва нуфузи аҳолӣ аз таҷрибаи мамолики пешрафтаи ҷаҳон ва таҷрибаи онҳо сухан ронда, изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин роҳ муваффақ хоҳад гашт. Лоиҳаи нави “Миллати солим” мусоидатро барои ҳалли бисёре аз масъалаҳои дар Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 дарҷ гардида, дар нақша дорад.

Дар охири ҷаласа умедворӣ зоҳир гардид, ки  чорабинии мазкур ба густариши ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   Бонки ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард ва фаъолияти якҷоя дар самтҳои мухталифи иқтисодиёту, тандурустӣ  дар дурнамои наздик тақвият хоҳад ёфт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 645
  • 1,242
  • 949,665