Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб​

Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб​
Август 15
07:07 2019

Дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бо​ иштироки роҳбарияти шаҳр ва кормандони беморхона аз Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд.

Дар ҷамъомади идона таъкид гардид, ки соҳаи тандурустӣ ва умуман, ҳифзи сиҳатии омма, таҳти таваҷҷўҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вазъи муҷаҳҳазгардонии иншооти соҳа беҳтар гашта, беморхонаҳо марҳила ба марҳила аз таъмиру таҷдид бароварда шуда истодаанд.​

Зикр гардид, ки рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.

Сипас ба собиқадорон ва кормандони пешсафи беморхона Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 722
  • 1,242
  • 949,742