“Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” муаррифӣ гардид

“Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” муаррифӣ гардид
Июн 30
15:31 2022

Дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) имрӯз, 30 июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” муаррифии “Барномаи давлатии рушди  ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №205 тасдиқ карда шудааст, баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу,  муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукрулло Хайруллозода, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат, шарикони рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ қайд гардид, ки “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027” мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тибқи иҷрои банди 25 – и нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №456 “Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” ва бандҳои 29 – 30 “Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз 28 феврали соли 2015, №102 тасдиқ шудааст, аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии техникии Созмони мухтори ғайритиҷоратии «Пажӯҳишгоҳи соҳавии ғизо» (Федератсияи Россия) таҳия гардидааст.

Барнома дар заминаи таҳлили умумии вазъи кунунии ғизои мактабӣ таҳия шуда, мақсадҳо, вазифаҳо, самтҳои асосии рушди минбаъдаи низоми ғизои мактабӣ, марҳилаҳои асосии амалигардонӣ, натиҷаҳо ва индикаторҳои банақшагирифташуда, инчунин тартиби ташкили мониторинг ва баҳодиҳии комёбиҳои натиҷаҳои ба нақша гирифташударо муайян месозад.

Гуфта шуд, ки барнома васеъшавии пайдарҳами иҳота намудани низоми ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таълимиро вобаста аз имкониятҳои иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳида пешбинӣ менамояд.

Муқаррароти барнома ҳангоми таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар самти маориф, рушди иҷтимоӣ, тандурустӣ, комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ба назар гирифта шудааст.

Амнияти озуқаворӣ ва ғизо яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Вайроншавии низоми ғизо, ки ба омилҳои истеъмоли ғизо ва бемориҳои вобаста ба хӯрок алоқаманд мебошад, барои тандурустии ҷамъиятӣ мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Барнома марҳила ба марҳила ба васеъкунии системаи ғизои мактабии муассисаҳои таълимӣ вобаста аз имкониятҳои иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад. Дар натиҷаи амалисозии барномаи мазкур давомот ва азхудкунии дарсҳо аз тарафи мактаббачагон беҳтар гардида, бемориҳои музмини узвҳои ҳозима (меъдаю рӯда) пешгирӣ карда мешаванд. Инчунин, баҳри пешгирӣ намудани норасоии ғизоӣ (қадпастӣ ва камвазнӣ) мусоидат хоҳад намуд.

Мақсад ва вазифаҳои асосии барномаи мазкур ин барқарор намудани ошхонаҳои мактабӣ, таъмини устувори маблағгузории ғизои мактабӣ ва беҳтар наудани саломатӣ, азхудкунии дарсҳои мактаббачагон  мебошад.

Дар идомаи  ҳамоиш як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни барнома суханронӣ намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750