«Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2019» дар ҳоли иҷроиш аст.

Май 10
15:32 2017

Бо дастур ва супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, ҷиҳати иҷроиши   «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2019»,   дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд    қарорҳои дахлдор дар сатҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят  қабул карда шудааст. Аз рӯи иттилооти расида воридоти Барномаи маркуз  дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Спитамен, Ашт идома ёфта ва аз соли 2017 дар шаҳру ноҳияи Истиқлол ва Кӯҳистони Мастчоҳ ворид карда шуд.

Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дар назди шӯъбаҳо ва утоқҳои лозимӣ  оид ба  гузариш ба Барномаи мазкур аёниятҳо дар бораи нархнома, номгӯи шахсони имтиёзнок ташкил карда шудааст. Ба беморони имтиёз дошта, ҳамаи намуди хизматрасонӣ дар шӯъбаҳои ёрирасон ва табобати бо таври ройгон гузаронида шудаанд.

Дар сатҳи сохтори госпиталии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ таи 04-моҳи сипаригардида  аз рӯи Барномаи мазкур ҳамагӣ 13 ҳазору 536 нафар беморон табобат гирифтаанд, ки аз он 6 ҳазору 310 нафар тариқи ройгон буда, 46,6% шумораи умумии беморони табобатгирифтагонро ташкил медиҳад ва боқимонда 7 ҳазору 226 нафар тариқи ҳампардохт табобат гирифтаанд, ки 53,4%-ро ташкил медиҳад.

Аз ин нишондиҳандаҳо бармеояд, ки теъдоди асосии шумораи беморони бистаришуда гурӯҳҳои имтиёзнок ва беморони ба андозаи 50 фоиза пардохткунандаро ташкил медиҳад, ки харҷи иловагиро талаб менамояд.

Дар сатҳи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дар 4 моҳи соли ҷорӣ ба 102 ҳазору 400 нафар беморон ташхисҳо ва хизматрасониҳои махсусгардонида расонида шудааст, ки аз он 34 ҳазору 976 нафар тариқи ройгон буда, 34,1 % шумораи умумии беморонро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби боқимонда беморон 67 ҳазору 424 нафар ҳампардохтро ташкил намудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645