“Барои хотимаи сил сармоягузорӣ кунед. Ҳаёти одамонро наҷот диҳед”

“Барои хотимаи сил сармоягузорӣ кунед. Ҳаёти одамонро наҷот диҳед”
Март 30
12:37 2022

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе таҳти шиори “Барои хотимаи сил сармоягузорӣ кунед. Ҳаёти одамонро наҷот диҳед” чорабинии иттилоотӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, шарикони рушд, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки пешгирии бемории сил яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Қайд гардид, ки давоми солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаю дурномаҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза намудан бар зидди бемории сил таҳия ва қабул гардидаанд. Дар баробари ин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалинамоии барномаҳои қабулгардида тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Гуфта шуд,  ки ташкили табобат мувофиқи талаботҳо маҳорат ва малакаи зиёдро натанҳо аз тарафи кормандони соҳаи тиб, балки инчунин аз худи беморони сил, аъзоёни оилаҳои онҳо баҳри бомуваффақият ба анҷом расонидани табобат талаб менамояд.

Дар идомаи суханронии хеш номбуда аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ба Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва тамоми шарикони байналмиллалӣ барои ҳамкории пурсамар ва бардавом дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил изҳори миннатдорӣ баён  намуд.

Гуфта шуд, ки маҳз барои саривақт ва дар сатҳи зарурӣ ҷалб намудани диққати ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла шахсони қабулкунандаи қарорҳо ҳамасола рӯзи 24 март ҳамчун Рӯзи умумҷаҳонӣ мубориза алайҳи бемории сил қайд карда мешавад. Ҳамасола ин рӯз аз ҷониби Ташкилоти умумҷаҳонии тандурустӣ бо шиорҳои нав сафарбар карда мешавад.

Дар анҷоми суханронии хеш Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем ба бемории сил муқовимат намоем ва ба пирӯзиҳо ноил гардем.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандон ва ҳамзамон сафирони пешгирии сил барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

Дар охир ба як қатор фаъолон Сипоснома тақдим карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 718
  • 1,242
  • 949,738