Барои сироят наёфтан ба бемории КОВИД-19 чӣ кор бояд кард?

Барои сироят наёфтан ба бемории КОВИД-19 чӣ кор бояд кард?
Май 21
14:43 2020

Барои худро аз бемории сироятии коронавируси нави КОВИД-19 эмин нигоҳ доштан тадбирҳои зеринро анҷом бояд дод:

Риояи қойдаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ;

Ҳифзи фосилаҳо байни ҳамдигар дар тамоми ҷойҳо;

Бе зарурат набаромадан аз хона, муддате нарафтан ба меҳмонӣ;

Кам гашту гузор кардан дар кӯчаву хиёбонҳо;

Ҷамъ нашудан дар кӯчаҳо, бозорҳо, мағозаҳо, дорухонаҳо ва дигар ҷойҳо;

Ҷамъ карда суҳбат наоростан бо ҳамсояҳо дар назди хонаҳо;

Зери назорат гирифтани фарзандон, махсусан хурдсолон;

Шӯстани дастон пеш аз омода намудани хӯрок ва истеъмоли он;

Берун аз хона гаштугузор накардан бе ниқобҳои тиббӣ;

Як муддат гирд наовардани дӯстон баҳри ҳамнишинӣ;

Бе зарурат нарафтан ба айёдати бемор;

Як вақти муайян даст ба даст ва оғуш гирифта салом накардан бо наздикон;

Ба таҳлука наафтодан нисбати ин беморӣ;

Бештари вақти худро дар хона бо наздикон гузаронидан;

Ин ва чандин  амалҳои дигар  метавонанд мо ва дигаронро  аз сироятёбӣ ба бемории  коронавируси нави КОВИД-19  муҳофизат намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 921
  • 1,242
  • 949,941