Баррасии Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АКС)

Баррасии Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  (АКС)
Декабр 06
13:43 2019

Имрӯз,  6 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе  вобаста ба муттаҳид намудани кӯшишҳои якҷоя оид ба дастгирии иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, банақшагирии фаъолияти кории Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” (PDV)  барои соли 2020, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи корӣ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зикрилло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини Директори минтақавии SDC Корин Диманж, шарикони рушд ва намояндагону коршиносони сохторҳои марбута иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ махсус қайд гардид, ки аз рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила  яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Масъалаи пешгирӣ ва паст намудани шиддати зӯроварӣ нисбати занон яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

Аз ин ҷост, ки  масъалаи мазкур  дар барномаҳои рушди кишвар ҳамчун самти афзалиятнок  муаррифӣ шудааст. Аз ҷумла дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2016-2020 масъалаи пешгирии зӯроварӣ нисбати занон инъикоси худро ёфтааст. Дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки то соли 2020 зӯроварӣ нисбати занон дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳадди ақал на камтар аз 30% коҳиш дода шавад.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо имрӯз тамоми сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои байналмилалӣ дар ин самт кӯшишҳои якҷоя  доранд.

Қобили зикр аст, ки масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила имрӯз дар сатҳи парлумони кишвар низ ҳалли худро ёфта истодааст. Бо ин мақсад дар парлумони мамлакат Шӯрои ҳамоҳангсозӣ вобаста ба пешгири зӯрварӣ дар оила таъсис дода шудааст, ки он фаъолияти назаррас  дорад.

Таъсиси чунин сохтор дар назди Парлумони Тоҷикистон  гувоҳ аз он аст, ки имрӯз ба ин масъала диққати мақомоти олии қонунгузории кишвар низ зиёд аст.

Дар чорабинӣ муаррифии нақшаҳои кории фаъолияти якҷоя барои соли 2020 сурат гирифта, ҳамзамон пешниҳод ва тавсияҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ оид ба марҳилаи 10-уми Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 614
  • 1,242
  • 949,634