Баррасии масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак

Баррасии масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак
Август 30
17:06 2024

Имрӯз, 30-юми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати  боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони як қатор таваллудхонаҳо ва марказҳои саломатии мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Махсусан, дар ҷаласаи мазкур ба масъалаҳои пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт фаъолияти хешро аз пештара бештар пурзӯр намоянд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 546
  • 1,236
  • 1,022,850