Баррасии масъалаҳои вобаста ба расонидани кумаки яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ

Баррасии масъалаҳои вобаста ба расонидани кумаки яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ
Январ 14
11:15 2023

13 январи соли 2023 дар вазорат ҷаласаи назоратии назди муовини вазир, сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022, №597 “Дар бораи  пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ” баргузор гардид, ки дар он мудирони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таври маҷозӣ (онлайн)  иштирок намуданд.

Нахуст муовини вазир Шодихон Ҷамшед оид ба фаъолияти бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ суханронӣ намуда, барои минбаъд ҷоннок намудани масъалаи мазкур ва инчунин вобаста ба муроҷиати ҳатмии шаҳрвандон оиди саривақт ба иҷро расонидани  қарори мазкур маълумот дод.

Баъдан, намояндагони Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”,  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ вобаста ба рафти татбиқи қарори мазкур маълумот пешниҳод намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи қарори  болозикр механизми он дар  тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифта истодааст.

Инчунин, корҳои назаррас аз тарафи сардорону мудирони бахши ҳифзи иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, айни замон амалӣ гардида истодаанд.

Дар анҷом ба бахшҳои ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода  шуд, ки дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои алоқаманд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ боз ҳам  пурзӯр намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 615
  • 1,242
  • 949,635