БАРРАСИИ МАВЗӮЪҲОИ COVID-19 ВА БЕМОРИИ СИЛ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН

БАРРАСИИ МАВЗӮЪҲОИ COVID-19 ВА БЕМОРИИ СИЛ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН
Апрел 21
14:36 2020

Имрӯз дар конфронси апрелии донишҷӯёни факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо ҳамоҳангиву ҳамдастии ‘Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон’ баргузор шуд, мавзӯъҳои COVID-19 ва бемории сил баррасӣ гардиданд. Дар кори конфронс омӯзгорону мутахассисони варзида, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии дар самти бемории сил фаъолияткунанда, намояндагони ВАО ва донишҷӯён иштирок варзиданд.

Дар оғози конфронс дотсенти донишгоҳ Маърифат Абдуллоева дар бораи COVID-19 ва роҳҳои пешгирии он ба ҳозирин маълумот дода, зарурати риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиро таъкид намуд.

Донишҷӯёни факултети тиббӣ доир ба дарёфти саривақтии бемории сил дар байни аҳолӣ, усулҳои асосии ташхиси лаборатории бемории сил, маърифатнокии аҳолӣ дар бораи нишонаҳо, пешгирӣ ва табобати сил, асосҳои қонуниву меъёрии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, чорабиниҳо ва омилҳои пешгирии бемории сил, нақши ғизо дар табобати беморони сил, бемориҳои ҳамрадиф ва дигар паҳлӯҳои мубрами мавзӯи бемории сил маърӯзаву рӯнамоӣ карда, ба иштирокчиёни конфронс маълумоти муфиду муфассал доданд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби ‘Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон’ ба иштирокчиён китобу варақаҳои иттилоотӣ дар бораи бемории сил тақдим карда шуд.

Дар охири конфронс саволу ҷавоб ва табодули андешаҳо сурат гирифт, ки зимни он донишҷӯён ба саволҳои худ аз мутахассисони соҳа ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645