Баррасии натиҷаҳои баҳогузории фаврии сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар 12 ноҳияҳои вилояти Хатлон

Баррасии натиҷаҳои баҳогузории фаврии сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар 12 ноҳияҳои вилояти Хатлон
Март 10
14:21 2021

10 марти соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе оид ба баррасии натиҷаҳои баҳогузории фаврии сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар доираи Лоиҳаи «Модари солим-кӯдаки солим” дар 12 ноҳияҳои вилояти Хатлон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, директори намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Кит Симмонс, кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи  «Модари солим-кӯдаки солим” иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки мақсади асосии фаъолияти лоиҳаи USAID «Модари солим-кӯдаки солим», ки  он ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ,  Дустӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Хуросон, Кушониён, Леваканд, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш ва Ёвони вилояти Хатлонро дарбар мегирад, ин беҳтар намудани вазъи ғизоӣ, пешгирии беморӣ ва  фавти модарон ва кӯдакони то 2-сола, инчунин, баланд бардоштани сифат ва дастрасии кӯмаки тиббии наҷотбахшанда дар асоси тибби тасдиқшуда барои занон ва кӯдакони минтақаи ҷуғрофии «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар вилояти Хатлон мебошад.

Вазифаҳои умумӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо аз васеъ ба роҳ мондан ва институтсионалӣ кардани хизматрасониҳои босифат дар соҳаи тандурустӣ ва ғизои модарон, навзодон ва кӯдакон, дастгирии ҳаракати васеъгардонии ғизо ва стратегияҳои миллӣ, истифодаи тағироти рафтори иҷтимоӣ барои беҳтар намудани вазъи ғизо  ва саломатии модару кӯдак иборат мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732