Баррасии рафти иҷрои “Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” ва омодагӣ ба мавсими навбатии табобати санаторию курортӣ дар ҷаласаи мушовараи вазорат

Баррасии рафти иҷрои “Стратегия  оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” ва омодагӣ ба мавсими навбатии табобати санаторию курортӣ дар ҷаласаи мушовараи вазорат
Июн 29
16:36 2021

Имрӯз, 29 июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед ва Зулфия Абдусаматзода иштирок намуданд.

Дар ҷаласа нахуст оид ба ҷараёни  иҷрои “Стратегия  оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” Шарипов А., директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» баромад намуд.

Тавре зикр гардид, мақсади стратегияи мазкур аз таҳким ва ҳифзи саломатии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани вазъи ғизо, ратсион ва фаъолияти ҷисмонӣ тавассути фаъолияти байнисоҳавӣ иборат мебошад.

Қайд гардид, ки амалисозии стратегияи номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи татбиқи он ба зиммаи вазорату идораҳои дахлдор вогузор гардида, ҷамъоварандаи ҳисобот ва пешниҳод намудани иҷроиши он ба ҳукумати мамлакат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ҷиҳати амалисозии стратегия дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуда, раванди амалӣ сохтани стратегияи номбурда аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор соле ду маротиба таҳлилу баррасӣ гардида, натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон, бо мақсади таҳлил ва баррасии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи нақшаи амалисозии стратегия дар анҷоми соли 2020 ҷаласаи Кумитаи байниидоравӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласаи мазкур раванди татбиқи стратегия дар 5 соли охир мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати пурзур намудани фаъолияти минбаъдаи он аз ҷониби Кумитаи байниидоравӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Инчунин, дар доираи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории арзёбикунанда” аз 28 майи соли 2021, №459 гурӯҳи корӣ дар санаи 9 майи соли ҷорӣ ба вилояти Суғд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф ба амал оварданд.

Гурӯҳи кории арзёбикунанда раванди татбиқи стратегияи мазкурро мониторинг гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани норасогиҳо ба шахсони мутасаддӣ кӯмаки амалию методӣ расониданд. Ҳамзамон, тариқи пешниҳоди расмӣ натиҷаи мониторинг ба унвони сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон пешниҳод карда шуд.

Дар идома самтҳои гуногуни ҷараёни  иҷрои “Стратегия  оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024”  мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

“Дар бораи омодагӣ ба мавсими навбатии табобати санаторию курортӣ дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамъбасти фаъолияти осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо дар мавсими соли 2020” Муҳаббатова С., сардори шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси банди 13  Нақшаи  кории ҷаласаҳои ҳайати  мушовараи  Вазорати  тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ба мавсими навбатии табобати санаторию курортӣ дар низоми  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамъбасти фаъолияти осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо дар мавсими соли 2020  гузаронида шуд.

Махсусан, соли 2020  дар муассисаҳои давлатии истироҳатгоҳи  «Дӯстӣ» дар 8 баст (490 нафар), Харангон дар 3 баст (220 нафар) ба муддати 18 рӯзӣ, Истироҳатгоҳи «Бибӣ Фотимаи Заҳро» – и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар 7 баст (420 нафар) ба муддати 12 рӯзӣ ба табобату истироҳат ва тавонбахшӣ фаро гирифта  шуданд. Дар маҷмӯъ соли 2020  аз ҷониби муассисаҳои истироҳатии соҳа 1072 нафар ниёзмандон ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №603 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ» ҷиҳати бо табобати санаторию курортӣ фаро гирифтани иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо барорбаркардашуда, собиқадорони меҳнат ва маъюбон фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2021, №321 «Дар бораи оғози мавсими истироҳатӣ дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расонида шудааст, ки тибқи он оғози мавсими имсола дар муассисаҳои давлатии  «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун» аз 17 май, Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат аз 17 май, «Осоишгоҳи табобатию профилактикии маъюбон ва ветеранҳои ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб» аз 17  май ва “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалъа («Занинс») аз 7 июни соли 2021  оғоз гардиданд.

Дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ  ҳоло аз рӯи  табобатҳои гуногун, аз ҷумла табобат бо обҳои табиӣ, табобати физиотерапевтии барқӣ, лойгузорӣ, парафин, озекрит, ваннаҳои сиркулярӣ, маҳс, сӯзандармонӣ, табобат бо маҳлули тахач, муми куҳӣ, масҳи обӣ, буғи хушк, қумдармонӣ ва фито –барҳо  ташкил карда шуда,  аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ барои истироҳаткунандагон  нушокиҳои    давобахш  омода мешаванд.

Дар маҷмуъ, имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ дар биноҳои маъмурии осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо ва кӯчаву гулгаштҳо, нарм намудани бехи ниҳолҳо, шинонидани гулҳои ороишӣ, дархтони сояафкан ва мевадиҳанда, тоза кардани роҳраву ҷуйборҳо, таъмири ҳуҷраҳои корӣ ва ҳуҷраҳои истироҳаткунандагон, дигар иншоотҳои ёрирасон, ба тартиб даровардани майдончаҳо, омода намудани муассисаҳо ба ҳолати хуби санитарию эпидемиологӣ, оташнишонӣ ва чорабиниҳои безараргардонӣ  идома дошта, барои оғоз намудани мавсим омодабошии ҳамаҷониба дида шудааст.

Дар мавсими истироҳатӣ ташкили дурусти фаъолияти китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхона, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳатии оммавӣ ба нақша гирифта шуда, чорабиниҳои фарҳангию истироҳатӣ ташкил карда мешаванд.  Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута омода намудани муассисаҳо ба ҳолати хуби санитарию эпидемиологӣ, оташнишонӣ, чорабиниҳои безараргардонӣ идома дошта, то мавсими қабул  тамоми ҳудуди муассисаҳо ва биноҳо пурра безараргардонӣ карда шуда, партовҷойҳо ва ҳавзҳои обнигоҳдорӣ бо маҳлули гипохлориди калсий коркард ва безарар гардонида шуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи онлайнӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти чораҳои пешгирикунанди бемории коронавирус ва дигар масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 674
  • 1,242
  • 949,694