Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат
Март 02
16:16 2024

2-юми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони хадамот ва агентиҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа се масъала- “Таҳлили вазъи техникии таҷҳизотҳои тиббии муассисаҳои  тандурустӣ ҷиҳати  самаранок истифодабарии таҷҳизотҳои тиббӣ дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ”, “Натиҷаҳои омӯзиш ва таҳлили вазъи воқеии кумак ва хизматрасониҳои кардиоҷарроҳӣ дар муассисаҳои ҷумҳурӣ (новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ)” ва “Рафти иҷрои Нақшаи миллии амалҳо оид ба  омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии  Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон  дар соли 2023” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Доир ба масъалаи якуми ҷаласа, яъне “Таҳлили вазъи техникии таҷҳизотҳои тиббии муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии таҷҳизотҳои тиббӣ дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ” директори КВД “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ” Ҷураев Субҳиддин баромад  кард.

Гуфта шуд, ки сол аз сол дар ҷумҳурӣ муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин гардида,  сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хеле беҳтар шуда истодааст.

Ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳа барои баланд бардоштани сатҳ ва савияи дониши мукаммали истифодабарандагон (табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, муҳандисон ва техникон) аз дастурҳои  Дастурамали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии самараноки таҷҳизотҳои тиббӣ соли сипаригашта якчанд семинар ва курсҳои омузишӣ гузаронида шуд.

Доир ба “Натиҷаҳои омӯзиш ва таҳлили вазъи воқеии кумак ва хизматрасониҳои кардиоҷарроҳӣ дар муассисаҳои ҷумҳурӣ (новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ)” сармутахассиси соҳавии вазорат Абдуҷабборов А.А. маълумот пешниҳод намуд.

Тавре зикр гардид, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 кат бо шаш шӯъбаҳои клиникӣ, наҷот ва беҳисгардонӣ, амалиётхона ва ташхису табобат фаъолият менамояд.

Маркази мазкур барои беҳтару хубтар гардонидани сатҳи хизматрасонии махсусгардонидашудаи тиббӣ дар самти ҷарроҳии дил бо як қатор марказу беморхонаҳои бурунмарзӣ ҳамкории зич дошта, баҳри таъмини ин мақсад мутахассисони он ҷиҳати гузаштани курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос равона карда шудаанд.

Дар идомаи баромади хеш номбурда доир ба самтҳои дигари мавзӯи мазкур низ ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Доир ба масъалаи сеюми ҷаласа-“Рафти иҷрои Нақшаи миллии амалҳо оид ба  омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии  Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон  дар соли 2023” сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонзода маърӯза намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 27 феврали соли 2020, №116 «Дар бораи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» мавриди роҳбарӣ ва иҷро қарор дода, ҷиҳати амалисозии Нақшаи мазкур якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Нақшаи миллии амалҳо аз 43 банд ва 19 зербанд дар умум аз 59 чорабинӣ иборат мебошад. Аз инҳо 18 банд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 7 банд хусусияти умумӣ ва боқимонда бандҳо ба дигар вазорату идораҳо вобаста шудаанд. Давоми солҳои 2020-2023 ҳамаи бандҳо дар маҷмуъ аз ҷониби иҷрокунандагон ба иҷро расидаанд. Бо вуҷуди ин, кор аз рўйи 23 бандҳое, ки характери мунтазамӣ доранд, идома дошта, таҳти назорат қарор доранд.

Зимни баромади хеш  Қудратулло Қурбонзода доир ба иҷрои банд ва чорабиниҳои Нақшаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Дар маҷмӯъ, гуфта шуд, ки таҳлили рафти иҷрои Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон нишон медиҳад, ки нисбати чорабиниҳои ба нақша гирифташуда давоми солҳои 2021-2023 корҳои назаррас ва зарурӣ пурра анҷом ёфта, барои ба тасвиб расонидани конвенсия аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё карда шудааст.

Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 646
  • 1,242
  • 949,666