Баррасии вазъи табобати маъюбон ва оилаҳои камбизоат

Август 24
06:41 2018

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи ҳайати мушовараи навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рафти баргузории ҷаласаи мазкурро Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, сардорон ва сармутахассисони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Таҳлилу баррасии омилҳои аслии фавти модарон дар соли 2017 ва нимсолаи аввали соли 2018, татбиқи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз декабри соли 2008 №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ва аз июли соли 2016 №336 “Оид ба гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ” дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, вазъи табобати маъюбон ва оилаҳои камбизоат дар муассисаҳои давлатии тиббии тандурустӣ аз мавзӯъҳои аслие буданд, ки дар кори ҷаласа мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод, вобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва аз байн бурдани фавти модарон қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо ва аз байн бурдани дар умум мушкилоти соҳа ба иштирокчиёни чаласа дастур ва супоришҳои мушахас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 974
  • 1,242
  • 949,994