Тавре иттилоъ дорем, аз 1 то 15 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Чунин татқиқот дар кишвар дар 10 сол як маротиба гузаронида мешавад.
Мақсад аз гузаронидани баруйхатгирӣ муайян кардани шумораи аҳоли кишвар, ҷинс, синну сол, фарзандон, муайян кардани нафароне, ки таваллуд шудаанд ва ё фавтидаанд, муайян кардани сатҳи солимии аҳолӣ, алалхусус, сатҳи биноӣ, шунавоӣ, фаромушхотирӣ ва дигар бемориҳое, ки вобаста ба узвҳои ҳаракату такя мансуб мебошанд ва ҳамзамон, муайян намудани маъюбияти аҳолӣ мебошад.
Сафаров Сайфиддин, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ мегуяд, бори аввал баруйхатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вазорату идораҳо ба тариқи интернет-пурсиш гузаронида мешавад.
“Имрӯз мо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсиши кормандони дастгоҳи марказӣ ва як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявиро бо тариқи интернет-пурсиш баргузор намуда истодаем”,-афзуд номбурда.