«Беҳтарин табиб ва корманди миёнасоҳаи тибби ҷавон» – озмун барои табибони ҷавон

Май 05
15:26 2017

 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи дастуру супоришҳо, бо назардошти  саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат  пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Соли ҷавонон эълон карда шавад.

Бо такя бар ин дастури ояндабинонаи Пешвои миллат, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилоят ва рӯзномаи «Саломат бошед!» ба мақсади муайян кардани «Беҳтарин табиб ва корманди миёнасоҳаи тибби ҷавон» озмуни кушода эълон кард. Дар озмун табибон ва кормандони миёнаи тиб, ки синнашон аз сиюпанҷ боло нест, иштирок карда истодаанд.

Озмун мувофиқи оиннома ва низомнома  дар ду давра доир гардида, дар даври аввал рӯйхати 90 нафар  беҳтарин табибон ва кормандони миёнасоҳаи тибби ҷавон аз тамоми муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба гуруҳи кории озмуни вилоятӣ пешниҳод гардид.

Иштирокчиён тариқи рӯзномаи «Саломат бошед» ба хонандагон муаррифӣ гардиданд ва мувофиқи яке аз шартҳои озмун, ки навиштани матолиби маслиҳатӣ барои пешгирии бемориҳои гуногун аст, мақолаҳои  Далер Болтубоев, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи қабули Маркази дилшиносии вилояти Суғд («Намаки ошӣ ва фишорбаландии шараёнӣ»), Расулҷон Ғоибов, духтури навбатдори шуъбаи эҳёи БМН-и ноҳияи Спитемен («Бемории сил»), Хуршедҷон Ғафоров,ҷарроҳи ҷоғу рӯйи шуъбаи қабули Беморхонаи клиникии вилоят, номзади илмҳои тиб («Пешгирии бемории саратони мавзеи ҷоғу рӯй ва ковокиҳои даҳону гулӯ»), Саидҷаъфар Холматов, духтури ҷарроҳи шуъбаи бачагонаи касалиҳои чашми Муассисаи давлатии микроҷарроҳии чашми вилоят, устоди Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд («Бо бурриши  майда таъмини биноии олии чашм»), Мақсудҷон Ризвонов, табиби тарбодшиноси Маркази саломатии  шаҳри Исфара («Артриди тарбодмонанд»), матолиби кормандони миёнасоҳаи тиб Мухбира Қурбонова, ҳамшираи тиббии дармонгоҳи маслиҳатдиҳии ҳуҷраи сурдологии Беморхонаи клиникии вилоят («Гаронгӯшии кӯдак ва оқибатҳои он»), Гулнора Муллоҷонова, ҳамшираи тибби ои лавии МС№1-и шаҳри Хуҷанд, Рухшона Тошпӯлотова, пизишкёри МС КАТС-и шаҳри Бӯстон, Руфина Эргашбоева, момодояи Маркази солимии репродуктивии шаҳри Исфара  ва дигарон ба табъ расид. Ин иштирокчиён дар иҷрои шартҳои озмун нисбат ба дигар довталабон айни ҳол дастболоянд.

Озмуни мазкур дар Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23-май дар қаламрави кишвар доир мегардад, ҷамъбаст хоҳад шуд. Ғолибони озмун бо унвони «Беҳтарин табиби ҷавони вилояти Суғд» ва «Беҳтарин корманди миёнаи тибби ҷавони вилояти  Суғд», шаҳодатномаи расмӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 727
  • 1,242
  • 949,747