Бехатарии озуқа ҳадафи аслии «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми то соли 2027»

Октябр 16
14:00 2017

Бо мақсади    ҷорӣ  намудани бехатарии озуқа ва  ғизои солим бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ғамхоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл  «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми то соли 2027» қабул гардид.

Ин дар ҳолест, ки     имрӯз дар аксар мамлакатҳои дунё яке аз мушкилоти доғи рӯз      ин масъалаи ғизо мебошад.    Дар баъзе давлатҳо агар нишондоди  фарбеҳӣ зиёд бошад, дар баъзе давлатҳои  дигар аз камғизогӣ азият мекашанд. Бо иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурутӣ  беш аз 115 млн. кӯдакон дар тамоми ҷаҳон аз норасогии вазни бадан, инчунин  43 мииллиони дигар аз   вазни барзиёд   азият мекашанд.

Вобаста ба  мақсад ва ҳадафи   қабул гардидани «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми то соли 2027»  суҳбатеро бо Сардори раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев  доир намудем.

Зимни суҳбат Шералӣ Раҳматуллоев  зикр намуд, аз соли 2009 сар карда оид ба норасоигии микронутриентҳо,  инкишофи ҷисмонии кӯдакон ва занони қобили таваллуд мо  тадқиқотҳо гузаронидем. Ҳамин тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар байни кудакон 28 фоиз ва  дар байни занони қобили таваллуд бошад 24 фоиз аз камхунӣ азият мекашанд.

Номбурда инчунин зикр намуд, ки «норасоии ёд ҳам яке аз проблемаҳои асосие мебошад, ки зиёда аз 50 фисади  аҳолӣ намаки беёдро истифода мебарад. Аз ин рӯ аз камёдӣ ба бемории норасоии ёд гирифтор мешаванд. Ин гуна бемориҳо дар байни ҷавонону наврасон махсусан бештар  дар байни мактаббачаҳо дида мешавад. Ба ин хотир  мо бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 Консепсияи рушди ғизои мактабиро қабул кардем, ва дар ин консепсия муайян карда шуд, ки дар оянда сараввал мо бояд Стратегияи рушди ғизоро таҳия кунем ва баъдан дар асоси стратегияи таҳия кардашуда барномаҳои алоҳида барои амалӣ кардани он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ руи кор хоҳад омад.  Ба ҳамин хотир, аз аввали соли равон  мо барои таҳияи рушди «Стратегия рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми то соли 2027» гурӯҳи кориро ташкил кардем ва мо ин Стратегияро таҳия ва мувофиқа карда  ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ  пешниҳод кардем. 29 сентябри соли равон ин Стратегия қабул гардид. Стратегияи мазкур  аз 35 банд иборат буда, банди якуми он таҳия намудани тартиби ташкил кардани ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Ҳамчунин мусоҳиби мо таъкид дошт, ки  «соли 2015 вақте,  ки мо Консепсияи  рушди ғизои мактабиро қабул кардем 8 то мактабҳои пилотӣ яъне таҷрибавӣ гирифтем,  4 то  дар ноҳияи Айнӣ ва 4-тои дигар  дар шаҳри Норак. Ин мактабҳо бо дастгирии Пажуҳишгоҳи ғайри давлатии ғизои Федератсияи Россия  таъмир карда шуда ва бо таҷҳизотҳое, ки барои таёр  кардани ғизо лозиманд ҷиҳозонида шуданд ва дар он ҷо мо ошпазонро омӯзонидем. Инчунин ҳамин сол  бо дастгирии пажуҳишгоҳи зикргардида ва бо дастгирии Барномаи   озуқаи  Созмони Милалли Муттаҳид  дар ноҳияи Рӯдакӣ як мактаби таҷрибавӣ омода кардем. Дар  назди ин мактаб мо  ният дорем, ки дар оянда ошпазонро барои мактабҳо таёр кунем».

«Бо дастгирии Пажуҳишгоҳи ғайри давлатии ғизои Федератсияи Россия   мо то соли 2020 нақша дорем, ки дар 50 мактабҳои   шаҳру ноҳияҳои вилояти  Хатлон, Суғд  ва водии  Рашт  таъмир, таҷҳизот ва омузонидани ошпазонро таъмин кунем. Баъд аз  соли 2020 сар карда аз ҳисоби буҷаи маҳалӣ  зина ба зина амалисозии Стратегияи мазкур   бояд маблағгузорӣ шавад. Мо кушиш мекунем, ки то соли 2027 тамоми мактаббачагони синфҳои ибтидоиро аз ҳисоби буҷет як маротиба бо ғизои гарм тамин кунем»,-зикр намуд Ш.Раҳматуллоев.

Вобаста ба  мақсади асосии Стратегияи қабулкардашуда Шералӣ Раҳматуллоев  зикр намуд, ки ҳадафи аслӣ  ин  ҷалби мактаббачаҳо ба мактаб ва бо ғизои солим таъмин намудани онҳо мебошад. «Вақтҳои охир дар назди мактабҳо мағозаву дуконҳои хӯрокҳои тезтаёр бисёр шудаанд, ки аз онҳо мактаббачаҳо нушокиҳои газнокро, инчунин хӯрокҳои ба саломатии онҳо зарароварро  харида истеъмол мекунанд. Мақсади мо кам кардани чунин дуконҳо дар назди мактабҳо мебошад, то ки дар оянда кӯдакони мо аз хӯроки гарму нушокиҳои безарар истеъмол кунанд».

Маврид ба зикр аст, ки   солҳои тӯлонист, ки  бо дастгирии  Лоиҳаи рушди Барномаи   озуқаи Созмони Милалли Муттаҳид   дар 50 ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба зиёда аз 370 ҳазор мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ   хӯроки гарм ва серғизо дода мешавад. Бояд гуфт, ки маводи озуқавории Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бо моддаҳои витаминӣ ғанӣ гардонда шуда, дар пешгирии норасоии микроэлементҳо нақши бориз дорад.

Хотиррасон менамоем, ки соли 1999 Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои мактаббачагон оғоз ёфта, танҳо 5 ҳазор кӯдакро дар бар мегирифт. Дар муддати якчанд сол бо ғизои мактабӣ қариб 370 ҳазор кӯдакони синфҳои ибтидоӣ таъмин гашта,  ҳамин тариқ аҳамияти зиёдтарро дар низоми ҳифзи иҷтимоии кишвар ҳамчун суғуртаи табақаҳои камбизоати аксари манотиқи деҳот ва берун аз он, ки дар шароити ноамнии озуқаворӣ умр ба сар мебаранд, касб кардааст. Барнома ба оилаи мактаббачагон имконият медиҳад, то даромадҳое, ки дар акси ҳол барои харидани хӯрока хароҷот мекарданд, сарфа намоянд. Инчунин он барои талабагон ҳар рӯз як миқдори муайяни  хӯроки солим ва серғизоро кафолат медиҳад. Ин дар навбати худ барои оилаҳои гирифтори норасоии маводи озуқаворӣ ва аз офатҳои табиии мавсимӣ зарардида, ёрии саривақтӣ мерасонад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 709
  • 1,242
  • 949,729