Беморхонаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин мебошанд

Беморхонаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин мебошанд
Май 18
13:00 2020

Дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ баҳри пешгирии бемории коронавируси нави  COVID-19 чораҳои фаврию амалӣ андешида, дар ин замина якчанд чораҳои муҳим роҳандозӣ гардидаанд.

Тавре  сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур Маҳмадшукур Фатҳуллоев  мегӯяд, дар чаҳор беморхонаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои табобати беморон ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки дар онҳо эҳтимолияти бемории коронавирус вуҷуд дорад, пурра ва бо таҷҳизотҳои зарурӣ омода карда шудааст.

-Айни замон дар чаҳор беморхонаи ҳудуди ноҳия, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ, шӯъбаи Беморхонаи марказии ноҳия дар деҳаи Роғ, Беморхонаи деҳаи Сабағ ва Беморхонаи деҳаи Оббурдон барои бемороне, ки аз коронавирусе сироят ёфтаанд, омода ва бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар умум наздик ба 70 кат барои беморон тайёр карда шудааст, – гуфт Маҳмадшукур Фатҳуллоев сартабиби Беморхонаи марказии  ноҳия.

Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки духтурони беморхонаҳо бо либосҳои махсус, ниқобҳо, маҳлулҳои антисептикӣ, дастпӯшакҳо ва дорувориҳои зарурӣ таъмин гардида, дар ин замина мушкилӣ вуҷуд надорад.

-Ҳамзамон, ин чаҳор беморхона бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин мебошанд. Он овозаҳое, ки дар сомонаҳои интернетӣ аз номи ашхоси номаълум нашр шудаанд, ки гӯё дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нест, асоси воқеӣ надорад, -мегӯяд сартабиби ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадшукур Фатҳуллоев.

Бино ба гуфтаи Маҳмадшукур Фатҳуллоев, то имрӯз дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ягон нафар ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо давоми моҳи май 4 нафар сокини ноҳия бо бемории илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ гардида, пас аз табобат сиҳат шуда, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Соли 2019 бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар шароити кӯҳистон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки Меҳрон як беморхонаи нави дорои 40 кат бунёд карда шуд.

Беморхонаи мазкур моҳи августи соли  2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 1 беморхонаи марказӣ, 6 марказҳои саломатӣ ва 12 бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот фаъолият намуда истодаанд. Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 40 кати муолиҷавӣ, 25 кати баччагона, 25 кат дар таваллудхонаҳо ва 10 кат дар шӯъбаи ҷарроҳӣ фаъолият доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 644
  • 1,242
  • 949,664