БИДУНИ ИСТИРОҲАТ: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз беморхонаҳои марказии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав боздид ба амал овард

БИДУНИ ИСТИРОҲАТ: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз беморхонаҳои марказии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав боздид ба амал овард
Январ 02
18:13 2021

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан, фаъолияти онҳо дар фасли зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, гуфтугӯи озод бо беморон ва баррасии як қатор масъалаҳои алоқаманд боздиди роҳбарияти Вазорати тандрурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки новобаста аз рӯзҳои истироҳатӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди хешро аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар идома медиҳад.

Махсусан, имрӯз, 2 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав сафар намуда, бо фаъолияти беморхонаҳои марказии онҳо шинос гардид.

Зимни боздиди хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбарони беморхонаҳои мазкур масъалаҳои таъмини  муассисаҳои номбурда бо гармӣ, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан, риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар муассисаҳои тандурустӣ, баланд  бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуда,  ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзмон, аснои боздид аз беморхонаҳои мазкур номбурда бо рафти табобати як қатор беморон шинос шуда, доир ба хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳои истироҳатӣ ҳамзамон муовинони вазир  аз фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ боздид ба амал оварданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 721
  • 1,242
  • 949,741