Бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии ҷарроҳию табобатии №1-и Хуҷанд навсозӣ мегардад

Бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии ҷарроҳию табобатии №1-и Хуҷанд навсозӣ мегардад
Декабр 28
09:43 2021

Дар шаҳри Хуҷанд корҳои таҷдиду навсозӣ дар бинои асосии ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ҷараён доранд. Бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта шудааст.

Бинои мазкур ҳанўз соли 1972-и асри гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҳол аз таъмири куллӣ бароварда нашудааст. Дар бино шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳиҳои фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сўхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳикунонӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 230 кати табобатиро  барои беморон фаро мегирад.

Сохтмони мазкур аз тарафи ҶДММ «Сохтмонворидот» ҷараён дошта, беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ ва корҳои таҷдиду навсозӣ дар бинои асосии беморхона шинос гардид. Мавсуф ҷиҳати анҷом додани корҳои босифати сохтмонӣ дастур дода, зикр намуд, ки даромади асосӣ ба макони орому осоишта ва зебою мунаввар тадбил дода шавад.

Ҳамчунин  барои беморону корафтодагон шароити мусоиду замонавӣ баҳри муоилаву дидорбинӣ муҳайё карда шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692