Бо мақсади пешгирии СOVID-19 шартҳои воридшавии мусофирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр гардонида шуданд

Бо мақсади пешгирии СOVID-19 шартҳои воридшавии мусофирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр гардонида шуданд
Апрел 26
11:04 2021

Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории СOVID-19 ва риоя намудани назорати санитарӣ вуруди мусофирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр гардид.

Тавре сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо имкони тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд. Вале мусофироне, ки аз Истанбул ва Кобул меоянд, аз санҷиши махсус гузашта, бояд аз СOVID-19 тести иловагӣ супоранд ва то муайян шудани натиҷаи тест муддати 3 рӯз дар карантини хонагӣ нишинанд.

Ба зикри номбурда, барои ворид шудан ба Тоҷикистон мусофирон бояд маълумотнома дар бораи надоштани  сироят  ба СOVID-19 пешниҳод намоянд. Мусофироне, ки аз Россия, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меоянд, бо тести манфӣ аз коронавирус ба мамлакат  роҳ дода мешаванд.

«Дар сурати зарурияти омадани шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади  сафарҳои корӣ ба Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии он давлат ё ширкатҳо ба Ситоди ҷумҳуриявии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳолат шаҳрвандони зикршудаи хориҷӣ метавонанд бо истифода аз хатсайрҳои мавҷуда ва парвозҳои чартерии бо ситод мувофиқашуда ба Тоҷикистон ворид шаванд»,-  гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Акс аз манбаъҳои боз

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 740
  • 1,242
  • 949,760