Бохтар: “Корвони саломатӣ” имкони хубе барои беморон гардид

Бохтар: “Корвони саломатӣ” имкони хубе барои беморон гардид
Апрел 03
16:05 2019

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола дар ҷумҳурӣ “Корвони саломатӣ” ба вилояту минтақаҳои кишвар равона карда мешавад. Бояд гуфт, ки моҳи марти соли равон корвони мазкур дар ноҳияҳои тобеи марказ сафарбар карда шуда буд. Рӯзи 2 апрел “Корвони саломатӣ” ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар кард, ки дар ҳайати он 130 нафар мутахассисони сатҳи олӣ, аз ҷумла академику профессорон ва номзадҳои илми тиб аз муассисаҳои зертобеи вазорат ҳузур доштанд.

Қабули шаҳрвандон дар назди Маркази саломатии шаҳри Бохтар аз соати 7-и субҳ оғоз ёфт. Барои табибон ҷои махсус баҳри қабул ва муоинаи шаҳрвандон омода шуда буд. Мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, КВД “Маркази тибби халқӣ”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии урологӣ”, “Маркази бемориҳои тропикӣ” ва дигар марказу зерсохторҳои вазорат ба мардум хизмат расониданд.

Сайдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ҷараёни баргузории “Корвони  саломатӣ” ба мо чунин иброз  намуд:

-Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Корвони саломатӣ” ба шаҳри Бохтар ташриф овард. Дар ҳайати ин корвон 130 нафар мутахассисони сатҳи олӣ омада, ба мардум хизмат расонида истодаанд. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ табобати бемориҳои гуногун дар байни аҳолӣ мебошад. Ҳоло дастгоҳи сайёри флюорографӣ низ дар хидмати мардум қарор дорад, ки барои дарёфти бемории сил шаҳрвандонро ташхис карда истодаанд. Инчунин, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ буклет ва дигар варақаҳои иттилоотиро байни мардум паҳн карда истодаем. Аз фурсати муносиб истифода бурда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳим минатдории хешро  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳор менамоям.

Дар ҳамин ҳол Ғиёсиддин Меъроҷов, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори илми тиб, яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи тиб, ки ба ҳайати мутахассисони “Корвони саломатӣ” шомил буд, иброз намуд, ки ҳоло бо иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар доираи “Корвони саломатӣ” ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар карда, мардумро дар маҳалли зисташон ташхису табобат мекунем. Беморонеро, ки ба муоинаи ҷиддӣ ниёз доранд, тавсия медиҳем то ба шаҳри Душанбе биёянд. Аз назари банда, баргузории “Корвони саломатӣ” баҳри солимгардонии шаҳрвандон як иқдоми бузургест, ки тайи чанд соли охир дар кишвар роҳандозӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ин Академики тоҷик пешниҳод дорад, ки дар ташкили ҷойҳои қабул зимни баргузории “Корвони саломатӣ” ба як нуқта диққати ҷиддӣ дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, вақте беморон дар атрофи як табиб ҷамъ мешаванд, имкони дуруст ва дақиқ  муоина  кардани онҳо нест.

-Хуб  мешуд, ки барои ҳар як мутахассис як ҷои муайян  ташкил карда шавад, то беморон бо навбат назди табибон даромада, аз муоина ва ташхис гузаранд,-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Содиқ Абдуллоев, директори КАТС-и шаҳри Бохтар  мегӯяд, ки баргузории “Корвони саломатӣ” агар аз як тараф барои табобати беморон кӯмак расонад, аз тарафи дигар барои  мутахассисони маҳаллӣ дарси таҷрибавӣ мебошад.

-Чун имрӯз дар ҳайати “Корвони саломатӣ” профессорону номзадҳои илм ва мутахассисони пуртаҷриба барои муоина ва расонидани кӯмаки тиббӣ барои мардум ба шаҳри Бохтар омадаанд, мо аз ин фурсати муносиб истифода бурда, аз онҳо таҷриба меомӯзем. Бо ин мақсад мутахассисони ҷавонро вобаста кардем, ки ҳамроҳи устодон дар қабули беморон иштирок намоянд ва аз таҷрибаи кори онҳо сабақ бигиранд.

Сокинони шаҳри Бохтар аз баргузории “Корвони саломатӣ” изҳори қаноатмандӣ намуданд. Маърифат Орифҷонова, як сокини шаҳри Бохтар гуфт, ки баргузории “Корвони саломатӣ” барои беморон имкони хубест, то ба профессорон ва номзадҳои илм вобаста ба бемориашон муроҷиат намоянд.

“-Ман аз дарди пойҳоям азият мекашам ва имрӯз имкон пайдо кардам, ки ба мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ муроҷиат кунам. Ба ман маслиҳату тавсияҳои муфид доданд. Умедворам, ки баъди ин табобат саломатиям беҳтар хоҳад  шуд.

Рокиябону Абдуллоева дар баробари дигар сокинони шаҳри Бохтар  субҳи барвақт бо писарчааш ба макони баргузории “Корвони саломатӣ” омад. Тавре  ӯ  гуфт: “Духтурони кӯдакона писарамро ташхис карда, баъзе тавсияҳо доданд. Хуб мешуд, ки чунин чорабиниҳои вобаста ба табобат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии шаҳвардон бештар шаванд. Айни ҳол дар баробари ман чандин модарони дигар низ кӯдаконашонро барои муоина ва ташхис оварданд. Албатта, на ҳама модарон имкон доранд, ки дар ҳолати зарурӣ кӯдакони худро ба назди мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ бибаранд. Мо сокинони шаҳри Бохтар ба ҳама он табибоне, ки имрӯз баҳри расонидани кӯмаки тиббӣ ба шаҳри мо омаданд, изҳори сипос менамоем”.

Дар рафти баргузории “Корвони саломатӣ” дар шаҳри Бохтар  8 985 нафар шаҳрванд ба табибон муроҷиат намуда, ба 7 359 нафари онҳо аз ҷониби табибон машварат дода шуд. Инчунин, дар рафти чорабинии мазкур як зумра ҷарроҳӣ ва ташхисҳо низ дар беморон гузаронида шуд. Аз ҷумла, ҷарроҳии калонсолон 27 нафар, ташхиси ВНМО 520 нафар, ташхиси флюорография 230 нафар, хуни донорӣ ва таҳлили хун 160 нафар, ташхиси ултрасадо (УЗИ) 423 ва аз ташхиси диабети қанд ва глюкометр 57 нафар гузаштанд. Инчунин, дар рафти чорабинии мазкур 113 кӯдак аз амалиёти хатнаи  ройгон гузаронида  шуданд.

Incorrect URL attribute defined

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 636
  • 1,242
  • 949,656