Нусрат Файзуллоев, муассиси ҶСШК “Ресандаи Қурғонтеппа” ба муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 100 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба таври ройгон тақдим намуд.
Тавре аз Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ба Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин соҳибкори ватанӣ вазъи сирояти коронавирусро дар ҷаҳон ба инобат гирифта, ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгирии сирояти мазкур дар мамлакат 100 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба таври ройгон ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар супорид.
Бино ба иттилои манбаъ, ниқобҳои мазкур истеҳсоли ҶСШК “Ресандаи Қурғонтеппа” буда, 100% аз маҳсулоти пахта омода карда шудаанд. Ҳамчунин, дар корхонаи мазкур ниқобҳо аз рӯи андозаҳои гуногун, аз ҷумла барои кӯдакон низ истеҳсол карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар ҶСШК “Ресандаи Қурғонтеппа” 150 нафар мутахассисони маҳаллӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 99 фоизашонро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Айни замон корхонаи мазкур пурра ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ гузашта, он дар як шабонарӯз 7 ҳазор ниқоб истеҳсол менамояд.