«Форуми занони ихтироъкор»: бонуи тоҷик сазовори медали тилло гардид

«Форуми занони ихтироъкор»: бонуи тоҷик сазовори медали тилло гардид
Июл 05
08:21 2019

Душанбе, 05:07:2019 / Moh.tj / Мавлуда Давлатмамадова бонуи ихтироъкори тоҷик аз  19 то 26 июни соли равон дар  12-умин «Форуми занони ихтироъкор» дар байни 28 давлат ва зиёда аз 274 иштирокчӣ, ки дар шаҳри Сеули давлати Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, сазовори ду медали тилло шуд.  Тавре номбурда ба moh.tj иброз намуд, яке аз ин ду медал аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи  занони ихтироъкор дар давлати Кореяи Ҷанубӣ ва медали дуюм аз тарафи Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ ба ӯ тақдим гардидааст.

Мавлуда Давлатмамадова ходими илмии шӯъбаи “Фармакогнозия, технологияи дору ва биотехнология”-и Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номбурда 17 апрели соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Академики академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Юсуфӣ Саломуддини Ҷаббор рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, сазовори  номзади илмҳои техникӣ гардид.

Ӯ инчунин дар конфронси байналмилалии “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон, “Рӯзи ихтироъкорону навоварон”,  ки 26 апрели соли равон доир гашт, сазовори дипломи дараҷаи 3 ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯи номинатсияи  “Зиёдтарин миқдори патент барои ихтироот” ва сазовори дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Мавлуда Давлатмамадова  яке аз он бонувони ихтироъкор мебошад, ки аввалин шуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ хокаи кӯдаконаро аз талки  кони Мулвоҷ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ аст, кашф намудааст.

P S: Атрофи кор ва фаъолияти ин бонуи муваффақ рӯзҳои наздик мусоҳибаи moh.tj бо Мавлуда Давлатмамадова ба нашр хоҳад расид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 693
  • 1,242
  • 949,713