Ботулизм чӣ гуна беморист?

Ботулизм чӣ гуна беморист?
Ноябр 11
09:59 2020

Ибораи ботулизм аз асри 18 инҷониб барои инсоният маълум аст ва занони оқилу ҳушманде, ки аз оқибатҳои фоҷиабори он маълумот доранд, вақти омода намудани маҳсулоти консервагӣ ва пеш аз истеъмоли он аз эҳтиёт кор мегиранд. Ботулизм як навъи бемории хатарзоест, ки оқибати он ба марги одамон оварда мерасонад.

Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ҳар сол дар ҷаҳон то 1000 нафар одамон бар  асари ин беморӣ ба ҳалокат мерасанд. Ботулизм бемории гузаранда нест, балки он танҳо  нафарони истеъмолкунандаи маҳсулоти заҳролудшударо  сироят  мекунад. Инчунин, тифлоне, ки шири модари заҳролудшударо истеъмол мекунанд, аз он сироят меёбанд. Сарчашмаи пайдоиши ин беморӣ  маҳсулоти консервашуда маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳам роҳҳои мубориза ва пешгирӣ аз ботулизм пурра омӯхта нашудааст ва то кунун ба олимони соҳаи тиб муяссар нашудааст, ки ваксинаи бартарафкунандаи ин бемориро ихтироъ намоянд. Нишонаҳои сироятшавӣ аз ботулизм ба бемории дарунравӣ шабоҳат дошта, дар шахси заҳролудшуда иллатҳои сусти мушакҳо, беҳолӣ, хушкшавии оби даҳон, ҳарорати баланд ва чарх задани сар мушоҳида мешаванд. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки аз шиддати ин беморӣ дар шахс ҳолати фалаҷи бадан ва каҷшавии чашмҳо  низ ба миён омаданашон имкон дорад.

Дар ҳамин ҳол табибон ҳушдор медиҳанд, ки дар ҳолати варам кардани сарпӯши зарфҳои консервонидашуда, истеъмоли маҳсулоти он қатъиян манъ аст, зеро ин ҳолат яке аз нишонаҳои корношоям ва заҳролуд  гардидани маҳсулот мебошад.

Мутахассисон бар он бовар ҳастанд, ки  дар шароити хона омода сохтани консерва кори содда нест. Чунки агар микроби ботулизм дар таркиби меваю сабзавот пайдо шуда бошад, пурра безарар кардани он дар вақти омода кардани маҳсулот ғайриимкон аст.  Ин гуфтаҳо маънои онро надорад,  ки сокинон аз тайёр кардани консерва худдорӣ намоянд, балки қоидаҳои тайёркунии онро қатъиян риоя намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 717
  • 1,242
  • 949,737