Боздид аз Беморхонаи марказии шаҳри Норак

Боздид аз Беморхонаи марказии шаҳри Норак
Декабр 08
12:36 2020

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи муассисаҳои тандурустии кишвар, махсусан, омодагии онҳо ба давраи зимистон ва баррасии дигар масъалаҳо гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Шаби 7 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Норак боздид ба амал овард.

Дар баробари шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаи мазкур, ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода  бо як қатор беморон, ки дар муассисаи мазкур ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар Беморхонаи марказии шаҳри Норак ҷиҳати муътадил гузаронидани фасли зимистон маводи сӯзишворӣ ва хӯрока ба таври лозима захира карда шудааст.

Дар охир аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон ба масъулини беморхонаи мазкур дастуру  супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 982
  • 1,242
  • 950,002