Боздид аз Донишгоҳи тиббӣ ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо

Боздид аз Донишгоҳи тиббӣ ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо
Август 24
09:30 2024

Инчунин ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.

Дар ин замина, ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои калонтарини таълимӣ ва илмию амалии кишвар-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳисоб меравад, ки мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи тибро омода месозад.

Дар ин муассисаи олии касбӣ аз кишварҳои гуногуни олам низ донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки ин аз обру ва нуфузи донишгоҳи мазкур ва ҳамзамон ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгу будани сату сифати таълим дар ин боргоҳ дарак медиҳад.

Меҳмонон бо шароити таҳсил ва илмомӯзии донишҷӯён, синфхонаҳои омӯзишӣ ва дигар имкониятҳои мавҷудаи ин даргоҳи таълимӣ шинос шуданд.

Аснои боздид аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” масъулин ба меҳмонон иттилоъ доданд, ки дар муассисаи мазкур нодиртарин ҷарроҳиҳои дилу рагҳо гузаронида мешавад.

Муассисаи мазкур бо навтарин таҷҳизоти муосир ва мутахассисони варзидаи соҳа таъмин мебошад ва сол то сол усулҳои нави ташхису табобат дар инҷо дар амал ҷорӣ карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 728
  • 1,236
  • 1,023,032