Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани маълумотҳои оморӣ ва таҳлилӣ оид ба вазъи беморшавӣ ва солимшавӣ дар шабакаҳои госпиталӣ ва КАТС, қабули шаҳрвандон оид ба ҳалли масъалаҳои хизматрасонии амбулаторӣ, бистаринамоӣ, таъминот бо маводҳои доруворӣ, назорат ва мусоидат барои фаъолияти самараноки гурӯҳҳои кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ» оид ба расонидани кӯмаки дастурию методӣ ба шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва дигар масъалаҳо давоми як шабонарӯзи охир корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби раёсати мазкур ҷаласаи гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои госпиталӣ ва КАТС оид ба баррасии масъалаҳои фавти беморон дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор гардида, вазъро таҳлил менамояд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии мамлакат гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад шаби 4 июни соли равон як қатор масъулини вазорат ба муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд. Аз ҷумла иҷрокунандаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири вазорат Илҳом Бандаев ба марказҳои саломатии шаҳрии №11 ва 12-и шаҳри Душанбе дидан намуд.
Зимни боздид масъули вазорат бо фаъолияти шабонаи марказҳои саломатӣ шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд гуфт, ки ҳадафи сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.